Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки ба Тоҷикистон зиёда аз дуюним миллион воя ваксинаи “КоронаВак” ворид гардид

23 сентябр бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз зиёда аз дуюним миллион воя ваксинаи “КоронаВак” аз Ҷумҳурии  Мардумии Чин вориди кишвар гардид, ки дар маросими қабули онҳо дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тзси Шумин иштирок намуданд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо эълони ин хабар ҳамзамон иттилоъ дод, ки  Ҷумҳурии  Мардумии Чин аз рӯзҳои нахустини бақайдгирии сирояти коронавирус дар доираи ҳамкорҳои мутақобилаи судманд ва дӯстиву бародарӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон лавозимот ва таҷҳизоти зарурӣ кӯмак намуд ва тақдими вояҳои ваксинаи зиддии ин беморӣ идомаи ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо маҳсуб меёбанд.

Ин вазорат ҳамчунин гуфтааст, ки то ба ҳолати 22 сентябр дар мамлакат 5 миллиону 332 ҳазору 386  нафар, ё 98,6% фоиз бо вояи якум, 5 миллиону 249 ҳазору 429  нафар, ё 97,0% бо вояи дуюм, 5 миллиону 97 ҳазору  888 нафар,  ё  94,2% бо вояи сеюм ва 1 миллиону 71 ҳазору 627 нафар, ё 19,8% аз шумораи умумии мақсадноки аҳолӣ бар зидди сирояти коронавирус ваксина гирифтаанд.

Имрӯзҳо дар анборҳои муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии мамлакат захираи кофии вояҳои ваксинаи зидди сирояти коронавирус мавҷуд  мебошанд, ки сокинон ба таври ройгон ва бе ягон мушкилӣ метавонанд бар зидди ин беморӣ ваксина бигиранд.

Бино ба омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ  то имрӯз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 миллиону 523 ҳазору 280 вояҳои ваксинаи зидди COVID-19 ворид гардидааст, ки айни ҳол маъракаи ваксинатсия бар зидди  бемории мазкур дар кишвар бомаром идома дорад.

барчасп: