Тамрини мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Муъминобод

Аз 22 то 24 сентябри соли 2022  дар ноҳияи Муъминобод санҷиши ҳолати омодагии зернизоми ҳудудии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва машқи мукаммал дар мавзъуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода»  гузаронида  шуд.

23 сентябри соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Деҳибаланд деҳаи Ҳанатароши ноҳияи Муъминобод машқи махсуси тактикии мудофиаи граждании ноҳия дар пешгирии ҳолатҳои фавқулодда бо ҷалби қувва ва воситаҳои хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва аҳолии деҳаи мазкур гузаронида шуда, селроҳаи байни деҳа дар мавзеъи ҷамоати деҳоти Деҳибаланд деҳаи Ҳанатарош бо ҷалби 1 адад нақлиёти махсус бо тариқи ҳашари дастаъҷамъона тоза карда шуд.

Рӯзи 24 сентябри соли 2022 дар марҳилаи дуюми машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ ҳудуди деҳаи Ҳанатароши Ҷамоати деҳоти Деҳибаландро бо мақсади ҳимоя намудани аҳолӣ ва бо таври амалӣ иҷро намудани чорабиниҳои эвакуатсионӣ, интиқоли аҳолии деҳаҳои минтақаҳои хавфнок ба ҷой бе хавф бо воситаи нақлиёт ва пиёда бо ҷалби хадамотҳои мудофиаи граждани ноҳия тамрин шуд.

Бояд гуфт, ки дар ин чорабинӣ 50 адад нақлиёти гуногуни боркашу мусофиркаш  ва  зиёда аз 622  нафар сокинони минтақа  ҷалб  карда  шуданд.   

 

М.Муйдинов.