Рӯзи 29 сентябри соли 2022 мулоқоти ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе капитани адлия Аҳлиддинзода М.А. баргузор гардид.
Вобаста ба талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ва дар асоси дастуру супоришҳои ҳамарўзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ташкилоту сохторҳои қудратӣ баҳри тарғибу ташвиқи Қонуни мазкур гузаронидани чорабиниҳо давра ба давра роҳандозӣ шудааст.
Тазаккур бояд дод, ки дар байни ҳайати шахсии раёсат ва воҳидҳои сохтории он ҷиҳати иҷрои талаботи моддаи 22 Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” корҳои зиёди таблиғотӣ гузаронида шудааст.
Намоядаи идораи зиддикоррупсионии кишвар зимни суҳбат дар бораи риояи талаботҳои моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия”, содир намудани ҷиноятҳо аз беэҳтиётӣ, доштани доғи судӣ, барои мансабдороне, ки шаҳрвандии хориҷӣ соҳиб мебошанд ё шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст додаанд, сухан ронд.
Номбурда дар бораи ҳодисаҳои зиёди коррупсионие нақл кард, ки зарфи чанд моҳи охир Агентии назорати молявӣ ва мубориза бо коррупсия ошкор кардааст.
Дар поёни нишаст миёни ширкаткунандагон ва меҳмон дар доираи мавзӯи баррасишуда табодули афкор сурат гирифт.
Ҷ.Холов