Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода аз наҷоти як пиразани ба тахмини ҳамсоягон 70-сола хабар дод,ки дари хонааш баста шудаву мустақилона наметавонад онро боз кунад. Бино ба хабари шаҳрванд Парвиз Юсуфов ин пиразани танҳо дар хона бемор аст ва парасторонаш ҳам ҳамроҳаш нестанд.
Кормандони наҷот соати 09:20 дақиқа ба ҷойи ҳодиса расида муайян карданд, ки ин пиразан 67 сол дорад ва бемор асту нотавон. Бе парастор танҳо зиндагӣ мекунад. Ҳамчунин фаҳмиданд, ки ҳангоми хуруҷи беморӣ афтодаву дар ҳоли вазнин қарор гирифтааст.
Имдодгарон ҳамчунин фаҳмиданд, ки дари хонаи ин пиразан аз берун бо калид маҳкам намешавад. Ягона имкони боз кардани дар аз дохили хона аст.
Имдодгарон аз ошёнаи чоруми бино аз тиреза вориди хона шуданд ва дарро боз карданд.
Пиразани бемору гирифторро фаврӣ ба беморхона интиқол доданд.
Дар айни замон ӯ дар беморхонаи шаҳрӣ бистарӣ буда, ба табобат фаро гирифта шудааст.
С.Хоҷаев, Сардори Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Турсунзода