Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо шарикони байналмиллалии рушд амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳоро бахшида ба «Рӯзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ – 13 октябр»-ро дар байни тамоми қишрҳои аҳолӣ идома медиҳанд.
Таҳлили ҳодисаҳои аз ҳолатҳои фавқулодда зарардида нишон медиҳад, ки дар ин ҳаводис асосан кўдакон ва маъюбон ранҷ дидаанд ва захмҳо бардоштаанд ва дар баъзе мавридҳо ин гуна рӯйдодҳо боиси марги онҳо низ шудааст. Ин аст, ки роҳандозии корҳои пешгирикунанда аз ҳодисаҳои нохӯш як бахши муҳими фаъолияти КҲФ ба шумор меравад.
Чунончӣ, 12-уми октябри соли 2022 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF), бо дастгирии Бюрои кӯмакҳои башардӯстонаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар доираи Барномаи “Таҳкими зарфиятҳои маҳаллӣ ва миллӣ оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо хатари баланди заминларза ва офатҳои табиӣ” ва бо ширкати Федератсияи байналмилалии ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, Ҷамъияти Салиби Сурхи Тоҷикистон, намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ ва Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар қаламрави Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ Кумита бо бачаҳои дорои имкониятҳои маҳдуд ва мактаббачагони мактабҳои атрофи Марказ чорабинии варзишӣ гузарониданд. Дар ин чорабинӣ бештар аз 60 нафар хонандагон иштирок намуданд.
Баъди наҷоми чорабинӣ ба кӯдакон дипломҳо аз ҷониби ташкилкунандагон тақдим шуд.
Ин чорабиниҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди андешидани тадбирҳо барои коҳиши зарари офатҳои табиӣ ва техногенӣ равона шудаанд.
Илова бар ин, ба кӯдакон дар бораи фаъолияти КҲФ маълумоти муфассал дода шуда, онҳо бо таҷҳизоти махсуси наҷот ва шеваҳои наҷоти одамон дар ҳолатҳои гуногуни фавқулода ошно карда шуданд. Ба бачаҳо мошинҳои санҷишии кимиёвӣ-радиометриро низ нишон доданд ва вазифаҳои онҳоро фаҳмонданд.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин дар бораи ёриҳои аввалия ба шахсони ранҷдида дар офатҳои гуногун ва ҳодисаҳои мухталифи фавқулода сухан рафт ва амалан ба онҳо роҳҳои наҷотро ҳам нишон доданд.
Бачаҳо ҳамчунин бо намоиши наққошиҳои ҳамсолонашон ва нусхаҳои сохтаи онҳо дар мавзӯи ҳолатҳои фавқулода ошно шуданд.