Наҷоти духтари 25-сола, ки аз Бохтар омадаву мехост дар Душанбе худкушӣ кунад

28 сентябри соли 2022 года соати 02:39 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як сокини хонаи 56 хиёбони Синои шаҳри Душанбе занг зад ва хабар дод, ки духтари ҷавоне мехоҳад аз ошёнаи 16-уми ин бино худро ба зер андозад ва худкушӣ кунад.

Ба ҷойи ҳодиса дастаи наҷот ва равоншиноси Дастаи вокуниши сареъи Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе эъзом шуд.

Даста ба макони ҳодиса расида муайян кард, ки ин духтар 25 сол дошта, сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон будааст. Вай дар қоши иморат истодаву касеро намегузорад наздик ояд ва таҳдид мекард, ки худашро хоҳад кушт.

Наҷотдиҳанда-равоншинос бо ӯ вориди гуфтугӯ шуд ва бо ин васила диққати ӯро ба худ кашид. Аз ҳар хусус бо назардошти вазъи равонии духтари ҷавон муколама кард.

Дар ин асно дигарон оҳиста ба боми бино боло шуданд. Онҳо аз тирезаи утоқи дигар ноаён худро ба пеши духтар расонданд ва амалиёти наҷот соати 02:42 дақиқа анҷом ёфт.

Имдодгарон ӯро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд, то сабаби ба ин кор даст заданаш таҳқиқ шавад. Тибқи маълумоти аввалия яке аз  сабабҳои ин тасмим моҷарои хонаводагӣ будааст.

барчасп: