Ҳалокати як писарбачаи 13-сола дар рӯди Зарафшон. Волидон фарзандонашонро ҳамоно беназорат мегузоранд

Як сокини 13-солаи ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷекат ҳангоми шиноварӣ дар рӯди Зарафшон ғарқ шудааст. Сабаби фоҷеа риоя нашудани қоидаҳои оббозӣ ва беназорат мондани наврас гуфта шудааст.

Ин ҳодиса рӯзи 24-уми сентябри соли равон рух додаааст. Ва ба дарёфти хабар дастаи зудамали наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон ба ҷойи ҳодиса расид ва корҳои ҷустуҷӯиро ба роҳ монд. 

Рӯзи аввал ҷустуҷӯҳо бенатиҷа анҷом ёфтанд ва рӯи дуюм соати 09:00 ҷасади писарбачаи ғарқшуда  пайдо ва мақомоти дахлдори шаҳр супурда шуд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста волидонро хотиррасон мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд. Бахусус рафтани онҳо ба соҳили обҳо бояд ҳатман бо раҳнамоии калонсолон бошад.

Мутаассифона, волидон на ҳамеша ба ин тавсияҳо аҳамият медиҳанд ва ин боис мешавад, ки ҳамарӯза хабари ғарқи об шудани тифлону наврасон расад.

барчасп: