Рӯзи 8 сентябри соли 2022 дар Дастгоҳи марказии Кумита, ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гурӯҳ хизматчиёни хизмати ҳатмии ҳарбӣ аз ҷониби роҳбарияти Кумита бо сипостнома, ифтихорнома ва мактубҳои миннатдорӣ бо иштироки волидайни сарбозон тақдим карда шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарияти Кумита иштирокчиёнро бахшида ба ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуда, ба онҳо саломативу сарбаландӣ, рӯзҳои пурбарору фараҳбахш, ояндаи дурахшон ва содиқ будан ба Ватанро таманно намуданд.