9 сентябри соли 2022 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи тантанавӣ бахшида 31-умин солгарди Итиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин ҷаласа Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷ.Ҷумъазода, фаъолони ноҳия, собиқадорони меҳнат, ҷавонон ва мактаббачагон ширкат доштанд.
Чорабинии тантанавиро раиси ноҳия ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки истиқлолият рамзи озодии ҳақиқии миллат, соҳибихтиёрии давлат ва ифодагари худшиносиву худогоҳии мардуми тоҷик аст.
Баъдан аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода суханронӣ намуд.
Ӯ дар баромади худ нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро дар 31 соли Истиқлолияти давлатӣ мавриди таҳлил қарор дод. Вай таъкид кард, ки “таъмини зиндагии шоистаи мардум дар ҳама давру замонҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳадафи олии Ҳукумати кишвар буд ва боқӣ мемонад”.
Дар чорабинии тантанавӣ бо Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷамоати деҳоти Ванқалъа Дарвозиев Фарҳод бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардид.
Ҳамчунин раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон Тайғунова Гулноро ба “Ифтихономаи фахрӣ” сазовор гашт.
Дар охир Раиси КҲФ ба ҳамагон барору комёбӣ таманно намуда, изҳори итминон намуд, ки мардуми ноҳияи Шуғнон баҳри иҷрои вазифаҳое, ки аз дастуру дархостҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳанд дод.
Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ бо иштироки намояндагони шуъбаи фарҳанги ноҳия ва мактаббачагон консерти идона доир гардид.