Заминларзаи дигар дар Рашт. Талафоти ҷониву хисорат нест

Тибқи маълумоти маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон соати 00:31 дақиқаи рӯзи 25-уми июли соли равон дар қаламрави кишвар замин такон хӯрд.  

Маркази зилзила 165 км шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 21 км шимоли ноҳияи Рашт буда, қувваи зилзила дар марказаш 3-4 балл, дар ноҳияи Тоҷикобод 3 баллро ташкил дод.

Таркиш дар кони ангишти Шӯроб як нафарро ҳалок кард

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бегоҳии рӯзи 24-уми июли соли равон, тахминан соати 17:00 дар кони ангишти Шӯроби Исфара таркиш ба амал омад.

Бар асари ин таркиш як нафар ҳалок ва як нафари дигар аз газ заҳролуд шуда ба бемористон интиқол дода шудааст.

Баргузории конфронс дар мавзӯъи ҳиссаи ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВИДЕО)

23 – уми июли соли 2021 бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии КҲФ конфронси илмӣ - амалӣ ва намоиши дастовардҳои ҷавонон дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Маркази таълимӣ-методии Кумита баргузор шуд (ВИДЕО)

Имрӯз, 23-уми июл дар Маркази таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи Кумита баргузор шуд. Ба суолҳои рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ  ҷонишини Раиси Кумита, полковник Имомалӣ Иброҳимзода ва сарварони Раёсатҳои Кумита посух доданд.

Пайдо шудани боз ду ҷасади ғарқшудаҳо: яке 16 сол дошту дуюмӣ 20 сол

Як навраси 16-сола, ки аз зодгоҳаш деҳаи Даҳанаи ноҳияи Хуросон  ба шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониён меҳмонӣ рафта будааст, дар оби дарёи Вахш ғарқ шудааст. Ин наврас рӯзи 22-уми июли соли равон меҳмонӣ рафтааст ва ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

Баъди дарёфти хабар наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда...

Страницы