Пайдо шудани боз ду ҷасади ғарқшудаҳо: яке 16 сол дошту дуюмӣ 20 сол

Як навраси 16-сола, ки аз зодгоҳаш деҳаи Даҳанаи ноҳияи Хуросон  ба шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониён меҳмонӣ рафта будааст, дар оби дарёи Вахш ғарқ шудааст. Ин наврас рӯзи 22-уми июли соли равон меҳмонӣ рафтааст ва ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

Баъди дарёфти хабар наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ҷои ҳодиса рафтанд ва ҳамроҳ бо аҳолии маҳал корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотро ба роҳ монда, соати 17:40 дақиқа ҷасади ӯро пайдо ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Дирӯз аз обанбори Норак ҷасади як шаҳрванди 20-сола, сокини ҷамоати  деҳоти Себистони ноҳияи Данғара пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

 Ин ҷавон рӯзи 20-ми июли соли равон ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст ва ҷустуҷӯи ҷасади ӯ то дирӯз идома дошт. 

барчасп: