Заминларзаи дигар дар Рашт. Талафоти ҷониву хисорат нест

Тибқи маълумоти маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон соати 00:31 дақиқаи рӯзи 25-уми июли соли равон дар қаламрави кишвар замин такон хӯрд.  

Маркази зилзила 165 км шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 21 км шимоли ноҳияи Рашт буда, қувваи зилзила дар марказаш 3-4 балл, дар ноҳияи Тоҷикобод 3 баллро ташкил дод.

Дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

барчасп: