Имрӯз, 23-уми июл дар Маркази таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи Кумита баргузор шуд. Ба суолҳои рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ ҷонишини Раиси Кумита, полковник Имомалӣ Иброҳимзода ва сарварони Раёсатҳои Кумита посух доданд.
Зикр гардид, ки зарфи шаш моҳи соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 299 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб 38 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарар расондааст.
Бар асари офатҳои табиӣ дар ин шаш моҳ 22 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расиданд. Аз инҳо 8 нафар дар селҳо, 7 нафар дар лағзиши тарма, 5 нафар дар ярч ва 2 нафари дигар аз сангрезиш ҷон бохтанд.
Бар асари ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ 337 хонаҳои истиқоматӣ (140 хона пурра, 197 хона қисман), 8 бинои мактаби таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, 3492,114 гектар майдони кишт, 42 пул ва 212,87 км роҳи мошингард осеб диданд.
Ба хонаводаҳои зарардида ва офатрасида кумакҳо, аз ҷумла маводи сохтмон, маводи ғозоӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ҷудо ва сари вақт расонда шуданд.
Ҷонишини Раиси Кумита иброз дошт, ки ба он нигоҳ накард, ки кормандони КҲФ дар махзанҳои обу соҳили рӯдхонаҳо пайваста корҳои таблиғотӣ мебаранд, варақаҳо ва китобчаҳои муфиду зарурӣ тақсим мекунанд, аз тариқи матбуот ва радиову телевизион баромадҳо ташкил менамоянд, ҳамоно дар обҳо одамон ғарқ мешаванд ва ба ҳалокат мерасанд. Дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар давраи ҳисоботӣ дар оби дарёву кӯлҳо ва каналҳо 69 нафар (2020-34) ғарқ шуданд ва ҷон бохтанд. Нуҳ нафари онҳо то 4 сол, ёздаҳ нафар аз 5 то 10 сол, ҳабдаҳ нафар аз 11 то 16 сол, ҳабдаҳ нафари дигар аз 17 то 35 сол ва 15 тан аз 35 сол боло умр доштанд.
Журналистон бештар дар бораи фаъолиятҳои Кумита дар пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, ҳамкориҳои КҲФ бо дигар мақомот дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳ карданд ва муовини Раиси Кумита ба ҳамаи суолҳои онҳо посух дод.
Баъди анҷоми нишасти матбуотӣ боз сарварони Раёсатҳо ба пурсишҳои иловагии радио ва телевизионҳои ватаниву хориҷӣ ҷавоб доданд.