Баргузории конфронс дар мавзӯъи ҳиссаи ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВИДЕО)

23 – уми июли соли 2021 бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии КҲФ конфронси илмӣ - амалӣ ва намоиши дастовардҳои ҷавонон дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар мулоқот Ҷонишини Раиси Кумита полковник Имомалӣ Иброҳимзода, Ҷонишини Раиси Иттифоқи ҷавонон Умед Раҳимзода, роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Шаҳбози Искандар, сарварони раёсатҳои пешбари КҲФ ва афсарони ҷавони КҲФ ширкат намуданд. 

Дар суханронии худ ҷонишини Раиси КҲФ полковник И.Иброҳимзода меҳмононро хайрамақдам гуфт ва як маълумотномаи муфассалро аз саҳми ҷавонон, кормандони ҷавони КҲФ дар рушду нумӯъи кишвар ироа кард. Ҳамзамон дар ҳамин нишаст вай мавзӯъи “Ҳиссаи кормандони ҷавон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ барои рушди Ватан”, “Дастовардҳои қувваҳои мудофиаи гражданӣ дар 30 соли Истиқлол” ва “Ҷавонон умеди мо барои фардо”-ро рӯнамоӣ кард. 

Баъдан Умед Раҳимзода – Ҷонишини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон зимни суханронии худ ба роҳбарони Кумита барои баргузории чунин як нишасти хотирмон изҳори сипос намуд ва аз ҷавонон даъват кард, ки дар оянда низ барои рушди давлати соҳибистиқлол талош кунанд ва барои шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳиссаи сазовори худро гузоранд. 

Дар поёни ин ҳамоиш зумрае аз фаъолони ҷавони КҲФ бо ифтихорномаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

 Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамчунин барои меҳмонон ва ширкаткунандагон наҷотдиҳандагони Кумита як силсила тадбирҳои имдод ва наҷот, ҷустуҷӯи бедаракшудагон дар заминларза бо ёрии хадамоти наҷот ва кинология, ҳамчунин усулҳои ҳимоя аз сироят ба бемориҳои сироятиро амалан намоиш доданд.

барчасп: