Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бегоҳии рӯзи 24-уми июли соли равон, тахминан соати 17:00 дар кони ангишти Шӯроби Исфара таркиш ба амал омад.
Бар асари ин таркиш як нафар ҳалок ва як нафари дигар аз газ заҳролуд шуда ба бемористон интиқол дода шудааст.
Сабаби таркиш ихроҷи газ дар дохили кон гуфта мешавад.
Саломати шахси заҳролудшуда хуб аст ва таҳдиде ба ҷонаш нест.
Ба ҷои ҳодиса чор нафар кормандони бахши 3-юми Шӯроб таҳти роҳбарии сардори взвод Маликов Исматулло сафарбар шуданд.
Айни замон вазъият дар кони Шӯроб ором аст.