8 – уми сентябри соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи доимамалкунандаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд.
Ин ҷаласа таҳти раёсати сардори Сарраёсати Кумита, котиби масъули Платформаи миллӣ, генерал-майор Ҷамшед Камолзода доир шуд.
Дар рафти ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар он ҳисоботи аъзои гурӯҳи коршиносон оид ба корҳои анҷомдодашуда, таҳияи баромадҳо ва омодагиҳо шунида шуд.
Инчунин, иштирокчиён масъалаҳои дахлдор ба “Лоиҳаи рушди зарфиятҳои Системаи идораи хатари офатҳо”-ро, ки дар семинари миллие, ки 2 сенятбри соли равон дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва дастгирии Дафтари намояндагии СММ оид ба коҳиш хатари офатҳо баррасӣ шуда буд, мавриди суҳбат қарор доданд.
Ҳамчунин дар ин нишаст масъалаҳои ворид кардани тағйирот ба Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3 декабри соли 2010, №632 “Дар бораи тартиб ва ҳаҷми кумаки яквақтаи моддӣ ба аҳолии осебдида дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ гардид.
Дар ҷаласа намояндагони 16 вазорату идораҳои кишвар ширкат карданд.