Ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар ВМКБ

2-уми сентябри соли ҷорӣ дар мачлисгоҳи Шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонии ВМКБ  маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ  намоянда аз МИҲД-и ВМКБ - муовини аввали раиси вилоят Мирзозода Н.Ю ва сардорони дигар идораю муассиаҳо бо ҳайати шахсиашон аз ҷумла, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, комиссари ҳарбии вилоят, Суди ҳарбии вилоят, прокурори ҳарбии вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар вилоят иштирок намуданд.

Пеш аз оғози маҷлиси тантанавӣ дар майдони назди бинои ШХДО-и вилоят аз тарафи идораю муассисаҳои номбурда намоиши техникаю таҷҳизотҳо доир гардид, ки меҳмонҳои даъватгардида аз онҳо дидан намуданд.

Маҷлисро муовини аввали раиси вилоят ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ин санаи фархунда табрик гуфта, аз дастовардҳои даврони Истиқлолият сухан ронд.   

 

Н. Мираков, Сардори Раёсат, полковник