Анҷоми “Футболи хурд” дар Кумита
Чоп шуд: 26/08/2022 | admin
Бозии варзишии “Футболи хурд”, ки 8 августи соли 2022 бахшида ба рӯзи таъсисёбии Хадамоти мудофиаи гражданӣ ва Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита оғоз гардида буд, рӯзи 22-уми август ба анҷом расид.
Дар чорабинии мазкур 8 даста ширкат варзиданд, ки аз байни онҳо 3 даста ғолибони мусобиқа дониста шуданд.