Рафъи хатари чинори азиме, ки дар ҳоли садамавӣ қарор дошт

Рӯзи  26- майи соли 2022, соати 09:25 дақиқа Директори МД «Маркази Ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи  граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод‚ ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  хиёбони  Рўдаки №145 як дарахти чинор дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои селовари рӯзҳои 27-28-уми май

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки рӯзҳои 27 ва 28-уми май дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Шаби 27 ба 28-уми май дар баъзе минтақаҳо борони шадиди селовар ва жола меборад.
Ҳангоми бориш дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати 17-22

Санҷиши маконҳои оббозӣ аз ҷониби кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе низ дар остонаи фасли гарм як силсила корҳои санҷиширо дар махзанҳои об гузарониданд.

25 – уми май онҳо дар ҷараёни санҷиши маконҳои оббозӣ дар қаламрави пойтахт сатҳи омодагиҳои онҳоро барои қабули истироҳаткунандагон аз назар гузарониданд.

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар Суғд

Бо фарорасии фасли гарми сол тараддуди кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ меафзояд. Ин фаслест, ки бештари мардумро ба соҳили обҳо мекашад. Мавсими оббозӣ шуруъ мешавад.

Ҳамасола дар ин мавсим рӯйдодҳои фоҷеавӣ низ зиёд иттифоқ меуфтанд. Аз ҷумла, ҷавонону наврасони зиёде аз надонистани қоидаҳои оббозӣ дар обҳо ғарқ мешаванд.

Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ: Уқёнусҳои олам доғтар ва шӯртар шудаанд

Ҳисоботи ахири Созмони ҷаҳонии ҳавошиносии (СҶҲ) СММ баёнгари он аст, ки тағйири иқлим беш аз ҳар вақти дигар ба зиндагии инсон таъсир мерасонад. Ин созмон ахиран эълон кард, ки соли 2021 болоравии сатҳи оби уқёнуси олам ва ба ҳаво партоб шудани газҳои гулхонаӣ ба ҳадди рекордӣ расид.

Дар ҳисоботи солонаи ин созмон ҳамчунин омадааст, ки...

Страницы