Ҳалокати 3 мусофири “Mercedes-Benz”, ки дар дарёи Фон сарозер шуда буд.Ронанда ва як мусофири дигар зинда монданд
Чоп шуд: 01/09/2022 | admin
Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд рӯзи гузашта, 31 – уми август тахминан соати 20:05 дақиқа дар километри 121-и шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, мавзеи деҳаи Чоре назди пули чорроҳаи Айнӣ-Хуҷанд садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.
Автомашинаи сабукрави тамғаи “Mercedes-Benz”, ки ба як