Наҷотдиҳандагони КҲФ аз Қаҳрамонмаръаш ба вилояти Хатой равона шуданд

Наҷотдиҳандагони тоҷик аз шаҳри Қаҳрамонмаръаш ба вилояти Хатойи Туркия равон шуданд, то дар роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар ин минтақаи офатдидаи Туркия ширкат кунанд. Хатой яке аз вилоятҳои бузурги кишвари Туркия мебошад, ки бо Сурия ҳаммарз аст.

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дар Қаҳрамонмаръаш дар Хатой низ зери харобаҳову вайронаҳоро аз назар хоҳанд гузаронд. Эҳтимоли мавҷуд будани одамони зинда зери ин харобаҳо вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, наҷотдиҳандагон ҳангоми ҷустуҷӯ аз дастгоҳи махсуси кашфи ҷонҳои зинда истифода хоҳанд кард.

Аллакай аз субҳи имрӯз наҷотдиҳандагони тоҷик дар макони наве, ки маъмурияти вилоят барояшон ҷудо кардааст, ба кор оғоз карданд. 

Мавриди ба ёдоварист, ки дар тӯли ин чанд рӯзе, ки дар шаҳри Қаҳрамонмаръаш саргарми роҳандозии корҳои ҷустуҷуву наҷот буданд, имдодагрони тоҷик 196 ҷасади ҳалокшудагонро аз зери вайронаҳо берун овраданд. Се нафарро низ зинда пайдо карданд ва наҷот доданд, ки ду нафари онҳо тифлон буданд.

барчасп: