Марги фоҷеавии Павел Чернов дар Харангон. Хабари расмӣ (ВИДЕО)
Чоп шуд: 12/09/2022 | admin
Рӯзи 10-уми сентябри соли 2022 Павел Чернов - як шаҳрванди 38-солаи Русия ҳангоми парвоз дар параплан дар дараи Харангони Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст. Аз фоҷеа ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корманди двизияи 201 Русия мустақар дар Тоҷикистон Максим Шукшин хабар дод.
Дастаи 7-нафари наҷотдиҳандагон соати 11:25 дақиқа ба ҷойи ҳодиса сафар шуданд ва соати 12:45 дақиқа ҷасади Черновро пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.