41 ҳодисаи лағзиши тарма дар як шабонарӯз. Хатар то рӯзи 23-уми феврал боқӣ мемонад

21 – уми феврали соли равон дар қаламрави кишвар 41 ҳодисаи лағзиши тарма ва як ҳодисаи омадани сел ба қайд гирифта шуд.  Танҳо дар ҳудуди роҳҳои байнидеҳавии ноҳияи Рӯшони ВМКБ 38 тарма омад. Гарм шудани ҳаво боиси об шудани барфҳо ва афзудани шумори зиёди тарма мешавад. Роҳҳои байни деҳаҳро муваққатан баста мебошанд.

21 феврали соли 2023 тахминан соати 10:22 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 426 роҳи мошингарди Дарвоз – Ванҷ – Хоруғ, дар наздикии Бедараи ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷ лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. 

Бо ёрии техникаи махсуси хадамоти роҳи вазорати нақлиёт соати 17:05 дақиқа пурра тоза карда шуда шуда, ба ҳаракати мошинҳо ба ду самти иҷозат дода шуд. 

Тахминан соати 16:30 дар  километри  352 –уми роҳи мазкур, дар ҳудуди деҳаи Умараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз сел роҳи мошингардро баст.

Бо ҷалби техникаи хадамоти роҳи вазорати нақлиёти кишвар роҳ пурра аз селовардаҳо пок шуд ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд.

Дар лағзиши тармаву омадани сел ҳеч талафоти ҷониву хисороати дигар набуд. 

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хатари тарма, сел ва резиши санг  дар роҳҳои кӯҳии кишвар то рӯзи 23-уми феврал боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон тавсия медиҳад, ик дар чунин рӯзҳо аз ғунучини ҳезум, анҷоми корҳои кишовардӣ, шикор, моҳидорӣ худдорӣ намоянд.

барчасп: