Дастаи панҷоҳнафараи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 10-уми феврал дар қаламрави зилзилазадаи Ҷумҳурии Туркия саргарми корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот буданд, соати 01:00 рӯзи 23-уми феврал ба Ватан бармегарданд.
Имдодгарон, ки аввал дар шаҳри Қаҳрамонмаръаш ва баъдан дар вилояти Ҳотойи Ҷумҳурии Туркия фаъолият мекарданд, имрӯз ба корҳои худ хотима медиҳанд ва ба шаҳри Душанбе бармегарданд.
Гуфтанист, ки наҷотдиҳандагони кишвар аз 10-уми феврал дар қаламрави Туркия ба корҳои ҷустуҷӯву наҷот оғоз карда буданд.
Дар ин муддат аз зери харобаҳову вайронаҳо 217 ҷасади куштагони ин заминларзаи мудҳишро берун оварданд ва ба мақомоти дахлдори Туркия супурданд.
Се нафарро аз зери биноҳои харобу валангор зинда пайдо карданд, ки ду нафари онҳо тифлони аз 3 то шашмоҳа буданд.