Маҷлиси ботантана ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ

22 феврали соли 2023 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд.

Ҷонишини раиси Кумита, полковник Ҳотамшо Латифзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҷамъомадагонро ба ин муносибат самимона табрик кард. Вай гуфт: "Ин ҷашн ҳамеша рамзи мардонагиву ҷасорат ва фидокорӣ, шаъну шараф буд ва мемонад. Табрикоти самимимонаи маро қабул фармоед. Бароятон беҳтарин хушиҳои оламро таманно дорам”.

Муовини аввали раиси КҲФ полковник Ҳ.Латифзода таъкид кард, ки афсарони КҲФ дар ҳар лаҳзаи шабу рӯз омодаи кумак ба мардум ҳастанд. Вазифаи онҳо низ маҳз ҳамин аст, ки дар ҳар лаҳза омодаи хидмат ба Ватан ва мардум бошанд. 

Номбурда қайд кард, ки аз замонҳои қадим ҷанговарон аз меҳри беҳамтои мардум баҳравар буда, касби душвору хатарноки «ҳимояи Ватан»-ро яке аз пуршараф ва наҷибтарин касб медонистанд. Ватан ҳам хидматҳҳои шоистаи фарзадони содиқ ва сарбозони ҳақиқиро қадр мекунад. 

Дар ҷаласа аз номи собиқадорони Кумита генерал-майор Б.Орифов, сардори Раёсати қӯшунҳо полковник А.Ҷалолзода, Сардори Раёсати ҳуқуқии КҲФ капитан А.Исозода суханронӣ ва ҳозиронро ба ин ҷашни фархунда муборакбод намуданд. 

Ҳамчунин ба як идда кормандони КҲФ, ки дар чорабиниҳои варзишӣ ширкат доштанд, ҷоизаҳои идоравӣ, ифтихорнома ва сипосномаҳо супурда шуданд.

барчасп: