ДУ ЗАМИНЛАРЗАИ СУБҲИ ИМРӮЗ ДАР ҚАЛАМРАВИ КИШВАР

Субҳи имрӯз, 23-уми феврал соати 05:37 дақиқа ва соати 05:55 дақиқа (ду маротиба) ба вақти маҳаллӣ дар  қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон заминлрза ба қайд гирифта шуд.

 Маркази заминларза  400 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе,  65 километр шарқ аз ноҳияи Мурғоб  ва 30 км шимолтари “Кули- Сарез” мебошад.

Қувваи заминларзаи аввал (соати 05:37) дар маркази он 6-7 балл буд ва қувваи заминларзаи дуюм (соати 05:55)  дар маркази он 5-6 бал, дар шаҳри Хоруғ 5-6 балл, дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.

Заминларза талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт.

барчасп: