Вохӯрӣ бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар

Охири ҳафтаи гузашта дар Раёсати таъминоти моддию техникӣ, ғизо ва нақлиёт, Раёсати сохтмон, истифодабарии биною иншоот ва Раёсати кӯли Сарези КҲФ вохӯрӣ бо сардори Раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амир Иброҳимзода, инчунин бо собиқадори КҲФ генерал-майор Б.Орифов бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Онҳо ҳозиринро ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, қайд намуданд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат ба як ниҳоди қудратманд табдил ёфт ва афсарони сарбозон вазифаҳои дар наздашон гузошташударо сарбаландонаи иҷро мекунанд. 

Зимни суханронӣ генерал-майор Б.Орифов қайд намуд, ки тайи 30 сол Артиши миллӣ дар бунёду таҳкими минбаъдаи давлати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ нақши муҳим бозидааст.

«Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавононе хидмат мекунанд, ки барои ҳимояи Ватани азизи худ омодаанд шуҷоати бемисл нишон диҳанд ва дар ҳимояи марзу бум ва таъмини амнияти шаҳрвандон куллан омодаанд”, - гуфт ӯ. 

«Фаъолият ва дастовардҳои артиши кишварро дар тӯли 30 соли баъди таъсиси он метавон натиҷаи пурсамари заҳматҳои фарзандони фидокори миллат баҳри ҳифзу ҳифзи ҳар ваҷаб ва ҳар гӯшаи замин номид. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хеле беназир аст», - таъкид кард Амир Иброҳимзода.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки сисолагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи муҳими таърихӣ мебошад. 

барчасп: