17 – уми феврали соли 2023 ҳайати низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ифтитоҳи Фестивали дӯстии афсарону сарбозон таҳти шиори «Ба Ватан ва халқи худ содиқона хидмат мекунам” ширкат карданд.
Ин чорабинӣ ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Дар доираи ин ҷашнвора баргузории мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои варзиш, аз қабили футболи хурд, волейбол, куштии миллӣ ва варзиши сабук дар назар аст.
Дар пойтахт мусобикаи шатранҷбозон низ барпо мегарданд.
Натиҷаи ҳамаи ин чорабиниҳо рӯзи 23 феврали соли 2023 ҷамъбаст карда мешаванд.