Чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ

Дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои сохторӣ ва воҳидҳои ҳарбӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби варзиш, тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ ва рафоқат байни кормандон ва хидматчиёни ҳарбӣ чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ташкил ва гузаронида шуданд.

Чунончӣ, аз 9-ум то 10-уми феврали соли 2023 дар заминаи Маркази таълимии Кумита ва Маркази таълимии “Тоҷмаҳал”-и Вазорати мудофиаи кишвар мусобиқаҳои варзишии ҳарбӣ байни афсарону прапоршикҳо оид ба ҷамъу васли автомати Калашников баргузор гардид.  Ҳамчунин мусобиқаи тирпароронӣ аз силоҳҳои оташфишони АКМ ва ТМ низ доир шуд, ки дар онҳо ҳайати шахсӣ малакаву маҳорати худро нишон доданд. .

Дар баробари чорабиниҳои варзишии баргузоршуда 18 феврали соли 2023 дар Дастгоҳи марказӣ озмуни «Беҳтарин рӯзномаи деворӣ» доир гардид, ки дар он тамоми воҳидҳои Кумита, қисми ҳарбии мустақар дар пойтахти кишвар ширкат варзиданд. Баргузории чунин озмунҳои тарбиявӣ барои таҳкими рӯҳияи ҳарбӣ ва ватандӯстӣ заминаи иловагӣ фароҳам меорад.

Мақсади асосии баргузории чорабиниҳо таҷлил аз Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ, маҳорату малакаи хизматчиёни ҳарбӣ, устуворӣ, ҳолати рӯҳӣ ва ҷисмонии хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин ҳавасмандгардонӣ ва оммавӣ гардондани варзиш, тарзи ҳаёти солим, пурзӯр намудани рӯҳияи ҳарбиву сиёсй дар байни хайати шахсӣ, ҷустуҷӯ ва кашфи чеҳраҳо ва истеъдодҳои нав дар соҳаи эҷод ва варзиш  мебошад. 

барчасп: