Хуршед Кенҷаев: Дар касби мо одамони аз нигоҳи равонӣ устувор кор карда метавонанд

Хуршед Кенҷаев

Хуршед наҷотдиҳанда аст. Ў аз соли 2008 то ин ҷониб дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода кор мекунад. Ба касбаш дил баст ва фаҳмид, ки ба ин касб касоне содиқ мемонанд, ки дилашон ба мардум сўзад.  Касоне буданд, ки пас аз 2 сол ё 5 сол кор кардан аз Кумита рафтанд, чун фаҳмиданд, ки ин ҷои онҳо нест. Ман ҳам ба муддати соле аз фаъолиятам дур шудам, тағйири касб намудам. Аммо дидам, ки бе ин корам наметавонам.

Ҳалокати ду нафар ва беҳушии як тани дигар дар Зафаробод бар асари заҳролуд шудан бо гази оксиди карбон

Ду нафар дар ноҳияи Зафаробод бар асари заҳролуд шудан бо гази оксиди карбон ба ҳалокат расидаву як нафар дар ҳоли беҳушӣ ба бемористон интиқол дода шудааст. Аммо духтурон мегӯянд ҳоли ӯ низ чандон хуб нест.

Ин ҳодиса дирӯз, 16-уми август тахминан соати 18:50 дақиқа рух додааст. Бино ба гузориши навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои...

28-умин солгарди таъсиси КҲФ. Такмили системаи мониторингӣ ва огоҳкунии қаблии кӯли Сарез

кӯли Сарез

Саду ёздаҳ сол қабл аз ин субҳи 6 феврали соли 1911 дар кӯҳистони Бадахшон замин сахт ларзид, ончунон ҷунбид, ки амвоҷи ларзиши онро таҷҳизоти маркази зилзиласанҷии Пуликови шаҳри Петербург дар масофаи 3860 километр эҳсос ва зикр кард. Пас аз ду ҳафта 18-уми ҳамон моҳ соати 23,17 дақиқаю 55 сония такони аз аввала шадидтар рух дод. Дар тангнои деҳаи Усойи дараи Бартанг, кӯҳи бузурге аз ғаллаёну ҳарорату

Сӯхтор дар як мошини бензинкаш як нафарро ҳалок ва ду нафарро шадидан ҷароҳатдор кард

Як корманди нуқтаи сӯзишворӣ дар ҷамоати деҳоти Чорбеди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бар асари сӯхтори шадид дар як бензинкаш ба ҳалокат расидааст. Бино ба гузориши сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ин ҳодиса дирӯз, 15-уми август тахминан соати 22:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух додааст.

Боздиди як ҳайат аз Куриёи Ҷанубӣ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

15 августи соли равон бо ташаббуси Куриёи Ҷанубӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода ҳайати Кумитаи низоми маориф ва  хизматрасонии ёрии фавқулоддани тиббии Куриёи Шимолӣ (KOCSOбо сарварии ҷаноби МангСаб Симомро ба ҳузур пазируфт.

Сарвари Кумита дар расми ифтитоҳи мулоқот меҳмононро бо системаи давлатии...

Страницы