Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе – Варзоб
Чоп шуд: 10/09/2022 | redaktor
9-уми сентябри соли равон тахминан соати 11:42 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 66 роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб мошини сабукрави тамғаи «Mercedes-Benz», ки ба як сокини 37-солаи деҳаи Лакати шаҳри Истаравшани вилояти Суғд мутааллиқ буд, ҳангоми ҳаракат аз самти хуҷанд ба Душанбе бо мошини боркаше, ки соҳибаш як сокини 33-солаи шаҳри Ҳисор буд, бархурд.