Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз омадани селҳо ҳушдор медиҳад!
Чоп шуд: 04/08/2022 | admin
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 4 то 8-уми августи соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии мамлакат, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо пешбинӣ мешавад.