Рӯзи гузашта, 23-январ тахминан соати 18:20 дақиқаи вақти маҳаллӣ як сокини 36-солаи деҳаи Бигизи Болои ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ВМКБ ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар кӯҳ дар ях лағжид ва ба сар афтод. Бар асари зарбаи шадид ҳангоми афтидан болои ях дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва бахусус касоне, ки дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ зиндагонӣ мекунанд, муроҷиат менамояд, ки ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
Дар хабарҳои ҳамарӯза Кумита шаҳрвандонро огоҳ менамояд, ки дар рӯзҳои сарду барфӣ ва замоне, ки заминро ях пӯшидааст, аз рафтан ба кӯӯҳо ҷиҳати ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд. Мутаассифона, на ҳама ба тавсияҳо гӯш медиҳанд, ки намунаи он ҳодисаи ёдшуда аст.