Рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати доҳилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохўрӣ бо иштироки Ташрифзода Амирали – муовини раиси Кумитаи иҷрояи Ҳизби халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино шаҳри Душанбе, ва ҳайати шахсии Раёсат ва воҳидҳои сохтори он ташкил ва гузаронида шуд.
Дар вохўрии мазкур муҳтавои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дарҷ гардиданд, ба ҳайати шахси расонида шуд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал, ҳуҷҷати муайянкунанда ва раҳнамо ба ҳисоб рафта, маҳз дар асоси он лоиҳа ва нақша-чорабиниҳои рушди ояндаи кишвар барномарезӣ мегарданд.
Дар нишаст гуфта шуд, ки рушди низоми ҳуқуқӣ, таъмини тартиботу қонуният, назорат дар татбиқи қонунҳои амалкунанда, баланд бардоштани сифатнокии қонунҳо, инчунин масъалаҳои амнияти миллӣ, боло бурдани иқтидори мудофиавии кишвар, беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мавзӯъҳои марбут ба соҳаи ҳуқуқ дар меҳвари Паём қарор гирифта, дар ин самт пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки мухтовои паёми мазкурро Раёсат сармашқи кори худ қарор дода, ҷиҳати дар амал иҷро намудани дастуру супоришҳои дар паём дарҷ гардида, кушиш менамояд.