Барои таъмини бехатариву амнияти ронандагон дар роҳҳо дар фасли сарди зимистон ва расонидани ёриҳои фаврӣ дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Айнӣ – Хуҷанд аз ҳисоби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидбонгоҳҳои иловагии муваққатӣ ташкил карда шудаанд, ки шабонарӯз навбатдорӣ мекунанд. Ин тадбирҳо барои вокунишҳои фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулода басо заруранд.
Наҷотдиҳандагони КҲФ, ки дар ин постгоҳҳо ҳузур доранд, дар сурати рух додани ягон ҳодиса фавран ҳозир мешаванд ва барои рафъи паёмадҳои он ёрӣ мерасонанд. Ронандагон ва мусофирони мошинҳо ба фалокат дучоршударо ба маконҳои бехатар интиқол медиҳанд ва онҳоро бо ғизои гарм таъмин мекунанд.
Имдодгарон бо техникаи муосири пешрафтаи наҷот ва воситаҳои дигари ёрӣ муҷаҳҳазанд. Бояд гуфт, ки дар ҳолатҳои зарурӣ алоқа нақши муҳим мебозад. Ҳар қадар хабари ҳодиса фаврӣ ва бехато расад, ҳамон андоза зудтару дақиқтар ба ёрӣ мерасанд. Барои он кормандони наҷот, ки ҳоло дар постгоҳҳои “Майхӯра” ва “Уштур” дар хидмат қарор доранд, бо кӯмаки Шуъбаи Марказии фармондеҳӣ дар назди Сафорати ИМА дар ҶТ ва Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID) дар Тоҷикистон панҷ адад радиостансия барои мошинҳо ва як адад радиоалоқаи доимӣ дастрас гардид, ки дар айни замон ба мошинҳои навбатдор васл карда шудаанд.
Ҳамчунин барои ронандагон ва мусофироне, ки эҳтимолан дар муҳосираи тарма, сангрезиш, ярч мемонанд, ба хадамоти наҷот ғизои хушки захиравӣ дода шуд, ки дар ҳоли зарурат барои наҷоти одамон истифода мешавад.
КҲФ ёдовар мешавад, ки дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии ВМКБ ва роҳҳои мошингарди Душанбе - Варзоб- Айнӣ – Хуҷанд, Ваҳдат – Рашт – Тоҷикобод - Лахш, Душанбе-Сангвор, Шамсиддин Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мондааст.