Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани кумакҳо ба осебдидагони заминларза вориди хоки Туркия шуданд.
Ҳавопаймо бо наҷотдиҳандагони кишвар рӯзи 9-уми феврал соати 07:20 дақиқа бо вақти Туркия дар фурӯдгоҳи шаҳри Истамбул ба замин нишаст.
Имдодгарон ҳамчуунин бо худ таҷҳизоти садамавиву наҷот, ки барои роҳандозии корҳои наҷот заруранд бурданд.
Маврид ба ёдоварист, ки 50 нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кумак дар рафъи паёмадҳои заминларза дар Туркия ба Туркия фиристода шуданд.
Ҳамаи ин 50 нафар касоне мебошанд, ки дар корҳои садамавиву наҷот омӯзиш дидаву таҷрибаву малакаҳои заруриро доро мебошанд.
Дар ин ҳайат мутахассисони баландихтисос, духтур-ҷарроҳ ва травматологи соҳибтахассус шомил шудаанд.