Як поси шаби 9-уми феврали соли равон як ҳавопаймо бо дастаи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Душанба ба самти шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия парвоз кард. Қарор аст имдодгарони Кумита дар рафъи паёмадҳои заминларзаи мудҳиш дар қаламрави Туркия ширкат кунанд.
Ин аввалин бор аст, ки наҷотдиҳандагони КҲФ дар роҳандозии амалиётҳои наҷот дар хориҷи кишвар ширкат мекунанд.
Дастаи имдодгарон аз 50 нафра иборат буда, бар асоси дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расонидани кӯмаки амалӣ ба мардуми офатзадаи Туркия созмон дода шуд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода пеш аз парвоз бо ҳайати эъзомӣ суҳбат намуд. Дар ҷараёни суҳбат сарвари Кумита ба наҷотдиҳандагон дар бораи вазифаҳои онҳо ва роҳандозии корҳои ҷустуҷӯиву наҷот дастурҳо дод.
Ҳамзамон, кулли таҷҳизоте, ки имдодгарон бояд ба Туркия мебурданд, то дар рафти корҳои наҷот аз онҳо истифода кунанд, аз назар гузаронида шуданд.
Мавриди ба ёдоварист, ки ин аввалин бор аст, ки дастаи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар амалиётҳои наҷот дар хориҷи кишвар иштирок мекунад. Вале дастае, ки ҳоло ба Туркия фиристода шуд, аз ҷумлаи наҷотдиҳандагоне мебошанд, ки борҳо дар мушкилтарин амалиётҳои наҷот ширкат кардаву таҷрибаҳои зиёд андухтаанд.
Дар маросими гусели имдодгарон дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Раиси КҲФ, генерал-полковник Рустам Назарзода, ҷонишини Директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Зайдуллоев, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон ҷаноби Умут Аджар, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии кишвар ва ВАО иштирок намуданд.