Дастаи панҷоҳнафараи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз вориди Туркия шуда буданд, аз шаҳри Истамбул ба шаҳри Ғозиайнтоб воқеъ дар ҷануби ин кишвар парвоз карданд.
Ғозиайнтоб маркази маъмурии вилояти Ғозиайнтоб буда, бештар аз ду миллион аҳолӣ дорад ва шашумин шаҳри калонтарини Туркия ба ҳисоб меравад. Ин шаҳр яке аз минтақаҳоест, ки дар зилзилаи ахир бештар хароб шуд.
Имдодгарони Кумита баробари расидан ба шаҳри ёдшуда фавран ба кор оғоз хоҳанд кард. Қарор аст дастаи наҷотдиҳандагони КҲФ кору фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ монанд ва дар ҷустуҷӯву наҷоти одамон дар вайронаҳо ва бартараф намудани паёмадҳои ин офати мудҳиш саҳм бигиранд.
Гуфтанист, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ин аввалин бор аст, ки наҷотдиҳандагони КҲФ дар роҳандозии амалиётҳои наҷот дар хориҷи кишвар ширкат мекунанд.
Дастаи имдодгарон аз 50 нафар иборат буда, бар асоси дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расонидани кӯмаки амалӣ ба мардуми офатзадаи Туркия созмон дода шуд.