Субҳи бармаҳали имрӯз, 10-уми феврал, соати 06.00 бо вақти маҳаллӣ дастаи имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақае аз вилояти Қаҳрамонмараши Туркия ба корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот оғоз карданд. Вилояти Қаҳармонмараш дар Туркия аз ҷумлаи вилоятҳоест, ки дар заминларзаи ахир харобии бештарро таҷриба мекунад.
Дар айни замон 40 нафар наҷотдиҳандагон биноҳои харобгардидаро аз назар мегузаронанд, зери хоку сангтӯдаҳо ва шикастапораҳои бетониро таҳқиқ мекунанд. Наҷотдиҳандагони мо бо самаранокии баланд кор мекунанд, зеро хуб медонанд, ки барои наҷоти ҷони инсонҳо ҳар дақиқаву соат ғанимат аст ва ҳар лаҳза метавонад дер шавад.
Имдодгарон дар ин кор аз таҷҳизотҳои нави ҷустуҷӯ, воситаҳои техникии замонавӣ, ки бо онҳо муҷаҳҳазанд, истифода мекунанд.
Ҳамчунин шаби 9 ба 10-уми феврали соли равон дар шаҳри Ғозиайнтоб роҳбари гурӯҳ генерал-майор Сулаймон Исозода бо сардори Ситоди бартарафсозии паёмадҳои зилзила дар ин шаҳр ҷаноби Юсуф Айсу мулоқот кард.
Дар ин дидор ҷониби Туркия барои ёрӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Ва ҳамзамон маконе, ки бояд наҷотдиҳандагони мо фаъолият кунанд, мушаххас карда шуд. Ин шаҳри Қаҳрамонмараш буд, ки ҳоло ҳамагӣ он ҷо ва саргарди роҳандозии корҳои наҷот мебошанд.