10 – уми феврали соли 2023 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ мулоқоти ҳайтаи шахсӣ бо мутахассиси Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ дар ин вилоят Ҷумъахонов Шодихон баргузор шуд.
Дар рӯзнома ду масъала: рафти иҷрои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузошта шуда буд.
Шодихон Ҷумъахонов ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҳамчун далели таърихии соҳибихтиёрии мо, инчунин риояи талаботи қонун натиҷаҳои мусбат ва самарабахшии он дар ҳаёти ҳар як шаҳрванди мамлакатамон таъкид намуд.
Зимни суханронӣ ва муколама бо ширкаткунандагон ӯ ҷанбаҳои гуногуни қонуни мазкурро шарҳ дод ва иброз дошт, ки ин қонун тавонист ҷашну маросимҳои моро танзим кунад ва мардумро аз сарфакориҳои беҳуда боздорад.
Дар хотима миёни ширкаткунандагон ва меҳмон табодули ахбор сурат гирифт.