Достони бориш ва борандагӣ дар шаш гуфтор. Гуфтори дуюм: БАРФТӮДА

БАРФТӮДА – як ҳодисаи табиӣ аст, ки ба резиши шадиди барф иртибот дорад, ҳолатест, ки боди сард бо суръати бештар аз 15 м/с мевазад ва барф тӯлонитар аз 12 соат беист мерезад. Ва бӯрони барфӣ дар ин муддат роҳҳоро барои ҳаракати мошинҳо ва одамон мушкил мекунад, зиндагиро бахусус барои деҳоти кӯҳистон душвор месозад. Баландии барф дар ин гуна ҳолатҳо ба беш аз 1 метр мерасад, дар минтақаҳои сард то ба 2 ва ҳатто 3

Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Норак

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021 рӯзҳои 16–18 ноябри соли 2021 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ ҳангоми гузаштан аз давраи осоишта ба замони ҷанг” ташкил ва

Боздиди Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ аз КҲФ

22 ноябри соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ доир гардид.  Ҳайатро Намояндаи олии ИА оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ ҷаноби Жозеп Боррелл сарварӣ  мекард.

Дар ҷараёни боздид ба меҳмонони олиқадр техникаи...

Заминларза дар Тоҷикистон. Бе талафоти ҷониву хисорат

Имрӯз, 22.11.2021 тахминан соати 15:49 дақиқа, ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза  230 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 10 километр шарқ аз ноҳияи Лахш, дар ҳудуди минтақаи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказашбалл ва дар ноҳияи Лахш  3 баллро ташкил дод.
Аз талафоти ҷониву хисорат гузориш нарасидааст.

COVID-19: Эътирози аврупоиён ба эълони маҳдудиятҳои нав ва ваксинаи иҷборӣ

Бино ба гузориши Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА то 22 ноябри соли ҷорӣ дар олам 257 миллиону 806 ҳазору 835 нафар ба COVID-19 сироят шуданд ва аз ин беморӣ то кунун дар саросари олам 5 миллиону 167 ҳазору 497 нафар ҷон бохтанд. Ҳамоно ИМА, Ҳинд, Бразилия се кишваре мебошанд, ки шумори зиёди гирифторон доранд.

Шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 36 970 нафар чун мубталои...

Страницы