Баргузории ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллӣ дар КҲФ

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми январ ҷаласаи доимамалкунандаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд.

Ин ҷаласа таҳти роҳбарии сарвари Сарраёсати Кумита, котиби масъули Платформаи миллӣ поковник Ҷамшед Камолов доир гардид.

Ҳалокати се нафар дар як садамаи мошин дар роҳи Хуҷанд – Конибодом

Рӯзи гузашта, 20-уми январи соли 2022 тахминан соатҳои 07:30 дақиқа дар 33-юм километри шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом садамаи нақлиётӣ ба амал омад. Автомашинаи тамғаи Mercedes Benz, ки аз ҷониби як шаҳрванди 28-солаи ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара идора мешуд ва ба самти Хуҷанд равона буд, ба мошини тамғаи  Mercedes Benz бархӯрд. Ин мошинро истиқоматкунандаи 39-солаи шаҳри Бӯстон идора мекард.

Машғулиятҳои мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои  шахсони масъули мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар машғулиятҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ оғоз шуданд, ки қарор аст то 21 январ идома кунанд.
Ҳадаф аз роҳандозии ин машғулиятҳо омӯзиш...

Посух ба суоли корбарон: Роҳи Душанбе – Чаноқ боз аст ё баста?

Ахиран ширкати IRS дар саҳифаи фейсбукии худ аз боз шудани роҳи Душанбе-Чаноқ хабар дод. Ин роҳ аз дирӯз бар асари лағзиши бесобиқаи тарма ва резиши барфи зиёд баста буд. Ширкати IRS гуфтааст, ки пайомадҳои тармафароӣ бартараф ва роҳи Душанбе - Чаноқ кушода шуд. Ҳоло ҳаракати нақлиёт аз ҳар ду самт имконпазир аст.

Ҳушдори Кумити ҳолатҳои фавқулодда аз барфи шадид ва лағзиши тармаву резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон то 22-уми январ ҳаво боронӣ боқӣ мемонад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии кишвар барфи шадид меборад, шамол бо суръати 17-22 метр дар як сония мевазад. Рӯзҳои 21 – 22 январ дар баъзе ҷойҳо туман дар назар дошта шудааст.

Страницы