Баргузории ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллӣ дар КҲФ

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми январ ҷаласаи доимамалкунандаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд.

Ин ҷаласа таҳти роҳбарии сарвари Сарраёсати Кумита, котиби масъули Платформаи миллӣ поковник Ҷамшед Камолов доир гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои иҷрои қарорҳои Протоколҳои ҷаласаҳои Платформаи миллӣ дар соли 2021 ва лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд барои солҳои 2022-2024 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 Инчунин, иштирокчиён масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010, № 632 «Дар бораи тартиб ва андозаи расонидани кӯмаки якдафъаинаи моддӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1 марти соли 2012, №98 “Дра бораи ташкили Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо”-ро баррасӣ намуданд.  

Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои пешгӯии ҳолатҳои фавқулодда, бехатарии ҳаракати роҳҳо дар минтақаҳои тармафароӣ ва омодагӣ ба офатҳои табиӣ дар фасли зимистону баҳори соли 2022-ро баррасӣ карданд.

Дар мачлис намояндагони 15 вазорату идора иштирок доштанд.

барчасп: