Посух ба суоли корбарон: Роҳи Душанбе – Чаноқ боз аст ё баста?

Ахиран ширкати IRS дар саҳифаи фейсбукии худ аз боз шудани роҳи Душанбе-Чаноқ хабар дод. Ин роҳ аз дирӯз бар асари лағзиши бесобиқаи тарма ва резиши барфи зиёд баста буд. Ширкати IRS гуфтааст, ки пайомадҳои тармафароӣ бартараф ва роҳи Душанбе - Чаноқ кушода шуд. Ҳоло ҳаракати нақлиёт аз ҳар ду самт имконпазир аст. Ба мусофирону ронандагон барои ҳамдигарфаҳмии комил арзи сипос намуда, барояшон роҳи сафед орзумандем!

Маврид ба ёдоварист, ки субҳи имрӯз  ширкати IRS хабар дода буд, ки “Аз соати 3 - и субҳи имрӯз, бо мақсади бартарафсозии пайомади тармафароӣ (васеъ кардани роҳ) ва коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш ҳаракати тамоми намуди нақлиёт барои чанд муддат боздошта шуд. Айни замон ин раванд идома дошта, бо анҷом ёфтани кор, ҳаракати нақлиёт иҷозат дода мешавад...

Тибқи маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Варзоб рӯзи 19-уми январи соли равон соати 10:10 дақиқа дар километри 65700 тарма фаромада, роҳ дар ин мавзеъ муваққатан баста шуд. Ҳарчанд ҳолати бавуҷудом ада соати 14:00 бартараф шуд, вале роҳ дар натиҷаи лағзиши тарма дар қисматҳои дигар то кунун баста мебошад.

****    ****    ****

Тибқи маълумоти навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ  19.01.2022 соати 08:10 дақиқа бар асари боришоти борон дар километри 306-уми байни деҳаҳои Жак ва Хостави ҷамоати деҳоти Нулванд сангреза ба қайд гирифта шуд. Ин ҳодиса роҳи Душанбе-Хоруғро баст.  

Барои тоза намудани мавзеи мазкур аз тарма 1-адад техникаи муҳандисии боркунаки фронталӣ аз тарафи МНДРА-и ноҳия сафарбар гардида, соати 13:15 дақиқа самти роҳ пурра кушода шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин карда шуд.

 ****    ****    ****

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ хабар дод, ки баъд аз зуҳри рӯзи 18-уми январи соли 2022 дар километри 48-ум мавзеи Хехси деҳаи Даржоми ҷамоати водии Бартанг тарма фаромад ва роҳро баст.

Ин ҳолат рӯзи гузашта соати 13:35 дақиқа бартараф карда шуд.

****    ****    ****

Рӯзи 19.01.2022 тахминан соати 14:00 дақиқа дар километри 19-уми мавзеи Рид, километри 22-юми купруки Ҷизев, километри 28-уми мавзеи Шавадаи деҳаи Ҳиҷез, километри 62-юми мавзеи Рансипас, километри 92-юми мавзеи Нихарсоси деҳаи Ҳиҷези ҷамоати деҳоти Бартанг тарма омад ва роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ баста шуд.  

Барои тоза намудани роҳи Рӯшон - водии Бартанг 1-адад техникаи муҳандисии боркунаки фронталӣ ва 1 адад булдозери ДТ-75 аз тарафи МНДРА-и ноҳия сафарбар гардида, соати 22:00 дақиқа километрҳои 19, 22, 26, 28-ум пурра бартараф карда шуд.

Корҳои поксозии роҳ дар километрҳои 62-юм ва 92-юм идо ма доранд.

Роҳ муваққатан баста аст.

барчасп: