Машғулиятҳои мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои  шахсони масъули мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар машғулиятҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ оғоз шуданд, ки қарор аст то 21 январ идома кунанд.

Ҳадаф аз роҳандозии ин машғулиятҳо омӯзиш додани меъёрҳои корбарӣ,  имконияти ба нақшагирии дурусти тадбирҳои огоҳкунӣ ва бартарафкунии ҳодисаҳои фавқулода мебошад.

Инчунин дар ин машғулиятҳо доир ба самти қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ назариявӣ ва бо нишон додани наворҳои ҳолатҳои фавқулодда, пешгирии он донистан ва тарзи дуруст амал намудани онҳо ҳангоми сар задании ҳолатҳои фавқулода сухан хоҳад рафт.

М.Муйдинов