Ҳалокати се нафар дар як садамаи мошин дар роҳи Хуҷанд – Конибодом

Рӯзи гузашта, 20-уми январи соли 2022 тахминан соатҳои 07:30 дақиқа дар 33-юм километри шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом садамаи нақлиётӣ ба амал омад. Автомашинаи тамғаи Mercedes Benz, ки аз ҷониби як шаҳрванди 28-солаи ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара идора мешуд ва ба самти Хуҷанд равона буд, ба мошини тамғаи  Mercedes Benz бархӯрд. Ин мошинро истиқоматкунандаи 39-солаи шаҳри Бӯстон идора мекард.

Дар ин ҳодиса аз 4 мусофири мошини Mercedes Benz 3 нафарашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Ин се нафар ҳамагӣ сокинони ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара буданд ва 53, 72, 82 сол умр доштанд. 

Дар ин садама як бонуи 49-сола, ки ӯ низ зода ва истиқоматкунандаи ҳамин ҷамоати деҳот буд, бо ҷароҳати вазнин ба бемористони ноҳияи Ғафуров интиқол дода шудааст. 

Ба ҷои ҳодиса гурӯҳи наҷотдиҳандагони  ДМЗН-и вилояти Суғд дар ҳайати 7 нафар сафарбар гашта, бо истифода аз таҷҳизоти махсуси (HOLMATRO) аз дохили автомашинаи тамғаи Mercedes Benz ҷасади ҳалокшудагонро бароварда ба мақомоти дахлдор супурданд. 

Сабаби садамаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд.

барчасп: