Сипосномаи КҲФ ба кормандони тарабхонаи “Форел”, ки як саги ғарқи дарёро наҷот доданд
Чоп шуд: 19/04/2023 | redaktor
10 апрели соли 2023 кормандони тарабхонаи «Форел», ки дар соҳили дарёи “Душанбе” ҷойгир аст, садои пасти нолишеро шуниданд, вале натавонистанд сари вақт ташхис кунанд, ки ин чӣ садоест ва аз куҷо меояд. Баъдан маълум шуд, ки ин садои имдодхоҳонаи як саги бехонумонест, ки дар рӯд ғарқ мешуд ва ҳама талошҳояш барои раҳоӣ аз мусибати сахт ба нокомӣ меанҷомид.