Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи идораҳои наҷоти кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Деҳлӣ
Чоп шуд: 24/04/2023 | admin
20 апрели соли 2023 дар шаҳри Деҳлии Нав ҷаласаи роҳбарони идораҳои давлатҳои узви СҲШ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода баргузор шуд.
Дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Сулаймон Исозода ширкат намуд.