Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ: Уқёнусҳои олам доғтар ва шӯртар шудаанд

Ҳисоботи ахири Созмони ҷаҳонии ҳавошиносии (СҶҲ) СММ баёнгари он аст, ки тағйири иқлим беш аз ҳар вақти дигар ба зиндагии инсон таъсир мерасонад. Ин созмон ахиран эълон кард, ки соли 2021 болоравии сатҳи оби уқёнуси олам ва ба ҳаво партоб шудани газҳои гулхонаӣ ба ҳадди рекордӣ расид.

Дар ҳисоботи солонаи ин созмон ҳамчунин омадааст, ки...

Тамринҳои муштарак дар Донишгоҳи миллӣ (ВИДЕО)

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши роҳбарият, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи:

Санҷишҳои маҷмуъӣ ва омӯзишии мудофиаи гражданӣ дар Хатлон

25 – уми майи соли 2022 дар асоси нақша чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022 дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ҳолати объектҳои мудофиаи гражданиро санҷиданд.

Ҳамзамон  дар доираи ин санҷиш омӯзиш дар мавзӯи “Амали қувва ва воситаҳои Системаи...

Фурӯ рехтани як бинои 10-ошёна дар Ободони Эрон беш аз 10 куштаву зиёда аз 30 захмӣ ба ҷо гузоштааст

Дар шаҳри Ободони Ҷумҳурии Исломии Эрон як бинои 10 - ошёна фурӯ рехтааст ва теъдоде куштаву  маҷруҳ шудаанд. Бино ба гузориши расонаҳои Эрон даҳҳо мошини ёрии таъҷилӣ ва худравҳои имдод ва як чархбол ба маҳалли ҳодиса эъзом шудаанд ва талош барои наҷоти сокинони зери вайронаҳо монда идома дорад.

Иллати ин ҳодиса то кунун эълон нашудааст ва ҷузъиёти бештаре аз он дастрас нест....

Ҳафтод нафар афсарон ва сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Фестивали ҷумҳуриявӣ ширкат карданд

Ҳафтод нафар афсарон ва сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фестивали ҷумҳуриявии “Гулчини сурудҳои ватандӯстона”, ки таҳти унвони “Дунё пур аз ҷавонист” баргузор шуда буд, ширкат карданд.

Ин фестивал шоми 23-уми майи соли равон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар  бинои амфитеатри Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С.Айнӣ баргузор шуд. 

Страницы