Ҳушдори КҲФ аз ҳавои пурчанги рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои оянда дар қаламрави ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти хатлон ҳавои пурчангу хок дар назар дошта шудааст.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз аҳолӣ бо эҳтиром хоҳиш мекунад эҳтиёт кунанд. Бахусус ғамхории хоса ба касоне, ки аз бемориҳои дил ва гипертония ранҷ мебаранд, лозим аст. 

КҲФ ба ронандагон ва кӯҳгардон ва сайёҳон ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариву амниятиро ҷиддан риоя кунанд.

Нигоҳ доштани фосила дар роҳҳои кӯҳӣ яке аз омилҳои саломат расидан ба манзил аст. 

барчасп: